Чаро барои рушди бренд танҳо реклама кофӣ нест?
Бисёр соҳибкорон фикр мекунанд, ки барои ҷалби муштарӣ танҳо реклама кофӣ аст. Онҳо маблағ ҷудо мекунанд, реклама мегузоранд ва интизор мешаванд, ки фурӯш фавран зиёд шавад. Аммо дар амал, реклама танҳо як қисми кори digital-маркетинг мебошад. Барои натиҷаи устувор, бренд бояд аз чанд самт ҳамзамон кор кунад.
Пеш аз реклама, бояд стратегия вуҷуд дошта бошад. Агар бренд намедонад, ки ба кӣ муроҷиат мекунад, чӣ пешниҳод дорад ва чӣ гуна аз рақибон фарқ мекунад, ҳатто рекламаи зиёд ҳам метавонад натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Стратегия муайян мекунад, ки кадом аудитория муҳим аст, чӣ гуна паём бояд расонда шавад ва кадом каналҳо самараноктаранд.
Қадами дигар — контенти босифат мебошад. Вақте ки муштарӣ аз реклама ба саҳифа мегузарад, ӯ бояд маълумоти равшан, дизайн хуб, видеоҳои ҷолиб ва далелҳои эътимодбахшро бинад. Агар саҳифа холӣ, кӯҳна ё бетартиб бошад, ҳатто рекламаи хуб ҳам муштариро нигоҳ дошта наметавонад.
Таргет низ бояд дуруст танзим шавад. Реклама бояд ба одамоне нишон дода шавад, ки воқеан ба маҳсулот ё хизматрасонӣ таваҷҷуҳ дошта метавонанд. Барои ин таҳлил, санҷиш ва оптимизатсияи доимӣ лозим аст. Танҳо пахш кардани тугмаи “реклама кардан” барои натиҷаи ҷиддӣ кофӣ нест.
Бренд инчунин бояд бо аудитория робита дошта бошад. Ҷавоб додан ба паёмҳо, фаъолият дар сторис, нишон додани раванди кор, фикру мулоҳизаи муштариён ва пешниҳоди арзиши воқеӣ — ҳамаи ин ба эътимод таъсир мерасонад. Муштарӣ бештар ба бренде муроҷиат мекунад, ки фаъол, равшан ва боварибахш менамояд.
Аз ҳамин сабаб, рушди бренд бояд комплексӣ бошад: стратегия, SMM, дизайн, фото, видео, моушн, реклама ва таҳлил. Вақте ки ҳамаи ин қисмҳо якҷоя кор мекунанд, бренд на танҳо дида мешавад, балки рушд мекунад.



